Ссылки доступа

Дар Қазоқистон пешниҳод доранд, хонандагони мактаб аз ташхиси маводи мухаддир гузаранд


Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон пешниҳод дорад, дар мактабҳо ташхиси равонӣ ҷорӣ шавад ва ба ин тартиб, истифодаи маводи мухаддир аз сӯи хонандагон ошкор гардад.

Ажар Гиният, вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон дар як ҷаласа ахиран гуфт, ки ворид кардани чунин ташхис дар мактабҳо барои ошкор кардани истеъмоли маводи мухаддир дар марҳилаҳои аввалия натиҷаовар аст.

Ба иттилои вазир, дар панҷ соли охир муътодӣ аз маводи мухаддир минёи кӯдакону калонсолон 14 маротиба афзудааст. Дар соли 2017 40 муътод ва 1 июли соли 2022 587 муътод сабт шудааст.

Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон мегӯяд, дар он кишвар айни замон 107 898 кас ташхиси "ихтилоли рафтори равонӣ" дорад, ки дар натиҷаи истеъмоли маводи мухаддир сар задааст. Аз инҳо 6245 кас ҷавонони аз 18 то 29-сола ҳастанд.

XS
SM
MD
LG