Ссылки доступа

Ҳавопаймои махсус барои овардани ҷасади қирғизистониҳои фавтида ба Русия рафт


Аз фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон ҳавопаймои махсус барои овардани ҷасади қирғизистониҳои фавтида ба вилояти Улянови Русия парвоз кард.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо ба хотири он аз шаҳри Ӯш ба Русия парвоз кард, ки аксари фавтидагон аз ҷануби Қирғизистон ҳастанд.

"Ҳавопаймои ширкати "Avia Traffic" ҳамин рӯз ба фурудгоҳи Ӯш бармегардад", - хабар доданд аз фурудгоҳи Ӯш.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар робита ба фавти 14 шаҳрванди ин кишвар дар Русия муроҷиатнома нашр кард.

Ҷабборов ба наздикони фавтидагон изҳори таслият ва инчунин 23 августро дар Қирғизистон рӯзи мотами миллӣ эълом кард.

"Ҳамватанони гиромӣ, ин фоҷиа барои мардуми мо ғамангез аст, дар робита ба ин 23 августро Рӯзи мотами миллӣ эълом мекунам", - омадааст дар муроҷиатномаи президент.

Вай ба масъулони кишвараш дастур додааст, ки ҷасади фавтидагонро бо ҳавопаймои махсус ба ватан оранд.

Дар вилояти Улянови Русия дар натиҷаи як садама 16 кас фавтид.

14 тан аз ин фавтидагон шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, хабар дод вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон. Се тани дигар аз қирғизистонӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои ин садамаро дар шабакаҳо нашр карданд. Ба навиштаи корбарон, мошини борбар ба автобуси мусофирбаре бархурдааст, ки канори роҳ таваққуф мекард.

Губернатори вилояти Улянов Алексей Русских хабар дод, пизишкон барои наҷоти ҷони се маҷруҳи садама мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG