Ссылки доступа

Президентҳои Туркияву Сурия мумкин аст, дар Узбекистон мулоқот кунанд


Владимир Путин, президенти Русия ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғонро ба саммити Созмони ҳамкориҳои Шангхай даъват кард. Ин саммит рӯзҳои 15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор мешавад.

Путин ҳамчунин президенти Сурия Башар Асадро ба саммит даъват кардааст. Хабаргузории "Tasnim" бо такя ба манобеи худ менависад, Эрдуғону Асад мумкин аст, дар Узбекистон мулоқоти дуҷониба анҷом диҳанд.

Ба зудӣ ҳайате аз "дипломатҳои собиқадор"-и Туркия ба Сурия сафар ва бо Асад мулоқот мекунанд.

Ба навиштаи "Tasnim", ҳайати Туркия бо ҳавопаймои хурди дорои 12 ҷойи нишаст ба шаҳри Димишқи Сурия парвоз мекунад. Дар 10 соли охир ин нахустин парвоз аз Туркия ба Сурия хоҳад буд. Дипломатҳои собиқадор баррасии барқарории муносибатҳои ду кишвар, муборизаи муштарак зидди терроризм дар шимоли Сурия ва бозгардонии гурезаҳоро дар дастури кор доранд.

Ба навиштаи "Tasnim", агар мулоқоти дипломатҳо "мусбат анҷом шавад", пас мулоқоти президентҳои Туркияву Сурия дар Самарқанд доир хоҳад шуд. Роҳбарони ду кишвар аз соли 2011 то ин замон гуфтугӯ накардаанд.

XS
SM
MD
LG