Ссылки доступа

Шаҳрвандони марзшикани Афғонистон аз Узбекистон ихроҷ мешаванд


Мақомоти Афғонистону Узбекистон рӯзи 23 август масъалаи марзшикании шаҳрвандони Афғонистонро баррасӣ карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар дод, ки дар ин гуфтугӯ ба ҷазираи Арал Пайғамбари вилояти Сурхандарёи Узбекистон гузаштани 24 тан аз шаҳрвандони Афғонистон баҳс шудааст.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи ин ҳодиса ду шаҳрванди Афғонистон кушта ва ҳафт тани дигар ҷароҳат бардоштааст. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, афғонистониҳои боздоштшударо ба ватанашон ихроҷ мекунанд.

Ҷониби Узбекистон пештар хабар дод, 24 афғонистониро ба далели убури ғайриқонунии марз боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG