Ссылки доступа

Таҷлил аз Рӯзи истиқлоли Украина дар шаҳри Алмато


Дар назди тандиси Тарас Шевченко дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 24 август бахшида ба Рӯзи истиқлоли Украина гирдиҳамоӣ ташкил шуд. Дар ин иқдом 5 тан ширкат ва дар даст парчами Украинаро доштанд.

Асхат Берсалимов, яке аз иштирокдорон гуфт, барои табрики "ҳамаи инсонҳои соҳибақле ба назди тандис омадааст, ки ҷонибдори сулҳ ва зидди ҷанг ҳастанд".

Иқдоми мазкур 15 дақиқа давом кард.

Ин бори аввал нест, ки дар Қазоқистон зидди ҷанги Русия дар ҳудуди Украина эътироз мекунанд. Дар охири моҳи феврал, баъди чанд рӯзи шуруи ҷанг, пушти дари консулгарии Русия дар шаҳри Алмато иқдоми эътирозӣ баргузор шуд. Он замон пулис ширкатдорони иқдомро боздошт карда буд.

XS
SM
MD
LG