Ссылки доступа

Додгоҳи олӣ "Комиссияи 44"-ро дар Бадахшон "созмони ҷиноӣ" номидааст


Аъзои "Комиссияи 44"

Ба иттилои дарёфтӣ, Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшонро "гуруҳи муташаккили ҷиноӣ" номидааст. "Комиссияи 44" моҳи ноябри соли 2021 дар Бадахшон ташкил шуд. Мақомот тасмими худро шарҳ намедиҳанд. Як намояндаи "Комиссияи 44" мегӯяд, шаш узви он то моҳи июн бо муфаттишони Додситонии кул ҳодисаҳои соли гузаштаро дар Хоруғ таҳқиқ мекарданд ва "куҷои он ҳамкорӣ ҷиноят буд?"

Камаш ҳафт узви "Комиссияи 44" дастгир ва то ин дам ду нафари онҳо ба 18-солии зиндон маҳкум шудаанд. Ба сабаби пӯшида будани мурофиаҳо ҷузъиёти ҳукм датсрас нест. Вале як манбаи огоҳ аз қазия гуфт, ин афрод дар баробари иттиҳомҳои дигар, аз ҷумла дарёфти пул аз хориҷа, ба "узвият дар гуруҳи муташаккили ҷиноӣ" низ гумонбаранд.

"Дар парвандаи ҳамаи онҳо қисми 2-и моддаи 187-и Кодекси ҷиноӣ, яъне иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ ворид карда шудааст. Ин ҷурм маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ солро пешбинӣ мекунад," -- афзуд мусоҳиби мо рӯзи 23-юми август.

Як додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз 14-уми июл дар нишасти матбуотӣ тасдиқ кард, ки ду узви "Комиссияи 44" Хуҷамрӣ Пирназаров ва Шафтолу Бекдавлатов ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ гунаҳкор шудаанд.

Ӯ чунин гуфт: "Онҳо бо роҳбарони ташкилоти террористии Паймони миллӣ ва саркардагони гуруҳҳои ҷиноятӣ робита барқарор карда, бо сармоягузории онҳо иттиҳоди ҷиноятиро ба номи "Комиссияи 44" ташкил кардаанд."

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта Фаромуз Иргашев, намояндаи “Комиссияи 44”, гуфта буд, онҳо ҳеч гуруҳи сиёсиро намешиносанд ва танҳо барои таҳқиқи ҳодисаҳои соли 2021 бо мақомот ҳамкорӣ доранд. Аъзои "Комиссияи 44" ва муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон бори охир 19-уми апрели имсол дар як нишасти онлайн суҳбат доштанд.

Чаро аъзои "Комиссияи 44"-ро "чап" гирифтанд?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:26 0:00

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, ҳукумат аз оғоз хоҳони ташкили "Комиссияи 44" ва ҷалби фаъолони ВМКБ ба таҳқиқи нооромиҳо набуд, аммо мехост, бо ин роҳ мардумро ором кунад.

"Дурусттар нигоҳ кунем, "Комиссияи 44" бо вуҷуди ширкати намояндаҳояш дар ҳайати муфаттишони Додситонии кул, дар таҳқиқи парвандаҳо ҳеч нақш надошт. Амалан Додситонии ҳарбӣ тафтишотро пеш мебурд. Ба онҳо гуфтанд, Шумо ҳаққи ширкат дар тафтиши парвандаҳоро надоред. Ҷалби 44 фаъоли ҷомеаи Бадахшон аз тарафи мақомот фақат як фарс буд. Ман чунин меҳисобам," – гуфт Ҷамшед Ёров.

"Комиссияи 44" дар пайи ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 дар маркази вилояти Бадахшон, ки се кушта ва чандин захмӣ ба ҷой гузошт, ташкил шуд. Ба он асосан фаъолон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ шомил буданд ва бо миёнравии онҳо ба эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ хотима дода шуд.

Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта, баъд аз он авҷ гирифта буд, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расида, 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи майи имсол дубора печида шуд. Дар ҷараёни амалиёти мақомот дар Хоруғу Рӯшон даҳҳо нафар кушта, беш аз 200 нафар дастгир ва чанде аз онҳо аз 11 то 18-солӣ зиндонӣ шуданд. Мақомот онҳоро узви гуруҳҳои ҷиноӣ меноманд, вале пайвандонашон бегуноҳ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG