Ссылки доступа

Талоши интиқоли ғайриқонунии қариб 2 млн доллар аз Узбекистон ба Қирғизистон


Мақомоти Узбекистон дар вилояти Намангони он кишвар талош доранд, аз интиқол ғайриқонунии асъор ба Қирғизистон пешгирӣ кунанд.

Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон иттилоъ дод, ахиран бародарон, сокинони ноҳияи Косони вилояти Намангон боздошт шудаанд, ки мехостанд, марзи Узбекистон бо Қирғизистонро убур кунанд.

"Ҳангоми тафтиши мошинашон аз дохили борхалтае дар зери курсии пушт 205 ҳазору 600 доллари ИМА ва дар ду борхалтаи дигар; аз яке 836 ҳазор доллар ва аз дигаре 800 ҳазор доллари ИМА пайдо шуд. Дар маҷмуъ, аз се борхалта 1 млн 841 ҳазору 900 доллар пайдо гардид", - хабар дод Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон.

Дар як амалиёти дигар аз сокини 33-солаи Косон 167 ҳазору 100 доллари ИМА пайдо шудааст.

Дар пайи ошкоршавии маблағ парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот давом дорад.

Пештар мақомоти ду кишвар дар марзи Узбекистону Қирғизистон нақбҳои пинҳониеро ошкор карда буданд, ки барои интиқоли ғайриқонунии молу маҳсулот истифода мешуданд.

XS
SM
MD
LG