Ссылки доступа

Русия пешниҳод дорад, танга, дирам ва сом дар муомилоти тиҷорӣ истифода шаванд


Русия ба Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё пешниҳод кард, дар муомилоти тиҷорӣ пулҳои миллии бештар истифода шаванд.

Русия пешниҳод дорад, ҳаҷми рубл, танга, сом, дирам ва рубли белорусӣ дар ҳисобу китобҳои воридотиву содиротӣ миёни аъзои иттиҳоди Авруосиё бештар карда шавад.

Миёни пешниҳодҳои Русия доду гирифти бидуни SWIFT ҳам ҳаст.

Натиҷаҳои соли 2021 нишон додаанд, ки бештар аз 70 дарсади муомилоти молӣ бо рубли русӣ, чаҳоряки он бо доллару евро ва танҳо як қисми ками он бо асъори дигар сурат гирифтааст.

Дар ҷаласаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки рӯзҳои 25 ва 26 август дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор мешавад, пешниҳодҳои Русия баррасӣ хоҳад гардид.

Пешниҳодҳои Русия дар бораи ворид кардани асъори дигар барои муомилот соли аввал нест, ки баррасӣ мешавад.

Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд.

XS
SM
MD
LG