Ссылки доступа

Сафири Қирғизистон бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон амният дар наздикии марзро баррасӣ карданд


Эрлан Абдилдаев, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода масоили муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқро баррасӣ карданд.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, Раҳимзода гуфтааст, хатари созмонҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон боқист.

Сафир Абдилдаев рӯзи 22 август ҳамчунин бо муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ мулоқот ва ояндаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи инсон, масоили наздимарзӣ ва ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ кард.

Тоҷикистону Қирғизистон 987 километр марз доранд ва бахше аз он номуайян аст. Гоҳ-гоҳ дар марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша рух медиҳад, ки ҷонибҳо ҳамеша дар сар задани он ҳамдигарро айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG