Ссылки доступа

Муҳлати ҳабси Кайрат Худойберган, вакили боздоштшудаи Қазоқистонро тамдид карданд


Вакили пешини маҷлиси шаҳри Алмато Кайрат Худойберган то 21 октябри соли ҷорӣ дар ҳабс мемонад.

Ӯро моҳи апрели имсол дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон боздошт карданд.

Худойберган дар "ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва иштирок дар онҳо" гумонбар мешавад. Ба иттилои тафтишот, вакили пешин ҳангоми ҳодисаҳои моҳи январ сокинони Алматоро барои иштирок дар бетартибиҳо дар меҳмонхонаи "Қазоқистон" ҷамъ овардааст.

Худойберганов пеш аз боздошташ дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки сокинонро ҷамъ ва даъват кардааст, ки ба иғво дода нашаванд.

Мандати вакилии Кайрат Худойберганро баъди боздошташ бекор карданд.

XS
SM
MD
LG