Ссылки доступа

Як сайёҳи русиягӣ дар Узбекистон ба ҳисоби миён бо $110 харид мекунад


Тобистони имсол сайёҳони русиягӣ асосан дар минтақаҳои истироҳатии дохили он кишвар истироҳат кардаанд. Доғистон, Камчатка ва Олтой ҷойҳое будаанд, ки сайёҳон бештар ба онҷо рафтаанд. Дар ин бора расонаҳои Русия бо такя ба пажуҳиши бонки "Русский стандарт" хабар медиҳанд.

"Кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар мақоми дувум қарор доштаанд", - омадааст дар пажуҳиш.

Ба ҳисоби миёна, як сайёҳи русиягӣ барои хариди маҳсулот дар Узбекистон 110 доллар, дар Қирғизистон 33,5 доллар, дар Қазоқистон 170 доллар харҷ кардааст.

Ҳамчунин, сарфи назар аз мушкилоти рафту омад, сайёҳони русиягӣ мисли пешин таваҷҷуҳ ба истироҳатгоҳҳои соҳилии Туркия ва ҷазираҳои Малдив доштаанд. Исроил, Юнон ва Тайланд низ дар сегонаи кишварҳое шомил мешаванд, ки русиягиҳо бештар сафар кардаанд.

XS
SM
MD
LG