Ссылки доступа

Асоснокии иқтисодиву техникии тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон соли 2023 таҳия мешавад


Таҳияи асоснокии техникиву иқтисодии тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон дар семоҳаи дувуми соли 2023 ба поён хоҳад расид.

Дар ин бора сармуҳандиси ширкати "Роҳи оҳани Қирғизистон" Роман Спасский хабар дод.

Ба гуфтаи вай, аз Чин ба Қирғизистон 157 мутахассис ворид мешавад, ки дар фурсатҳои наздик ба таҳияи асоснокии техникиву иқтисодӣ мепардозанд. Дар ҳамин ҳол вай гуфт, намедонад, ки Қирғизистон аз кадом ҳисоб барои сармоягузории сохтмони роҳи оҳани мазкур маблағ меёбад.

Миёнаҳои моҳи август расонаҳои Қирғизистон хабар дода буданд, ки марҳилаи фаъол дар иҷрои тарҳи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон дар ояндаи наздик оғоз мешавад.

Ин нуктаро раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров дар мулоқот бо сафири Чин дар Бишкек Ду Дэвэн баён дошта буд. Вай он замон гуфт, дар ҳоли ҳозир дар иҷрои ин тарҳ "пешрафти назаррас"-е мушоҳида мешавад.

Ду Дэвэн дар навбати худ аз оғози комёби таҳияи асоснокии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан хабар додааст.

Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ҳанӯз аввали солҳои 2000-ум эълом шуда буд, аммо то ин замон тарҳ амалӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG