Ссылки доступа

Боздошти се тундгаро дар Қирғизистон


Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) бо гумони истифодаи ғайриқонунии аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ се танро боздошт карданд.

Ба иттилои тафтишот, яке аз боздоштшудаҳо бо лақаби Абу Нур аз саркардагони "ҷамоат" - гуруҳи ҷиноие аст, ки чанд сол дар Сурия ба дуздиву ғорат машғул буданд ва ҷангҷӯёнро кӯмаки молӣ мекарданд.

Боздоштшудаи дигар узви гуруҳи ҷиноии Кодир Досонов, маъруф ба лақаби Ҷенго буда, масъулияти омодагии ҷангиву ҷисмонии аъзои "ҷамоат"-ро доштааст. Боздоштшудаи севум узви созмони террористии "Иморот Қафқоз" будааст.

Ҳангоми кофтукоб аз боздоштшудаҳо 3 норинҷак, тирҳои мухталиф, 3 корд ва адабиёти динӣ мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG