Ссылки доступа

Русия шумори нерӯҳои мусаллаҳашро зиёд мекунад


Русия шумори нерӯҳои мусаллаҳашро аз 1 миллиону 902 ҳазор ба 2 миллиону 39 ҳазору 758 нафар афзоиш хоҳад дод.

Фармонро раисҷумҳур Владимир Путин рӯзи 25-уми август имзо кард. Он аз моҳи январи соли 2023 ба иҷро медарояд.

Ин тасмим пас аз ҳафт моҳи таҷовузи Маскав ба хоки Украина ва дар пасманзари гузоришҳои тасдиқнашуда дар бораи талафоти қобили мулоҳизаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG