Ссылки доступа

Тоҷикистон мизбони ҳамоише дар мавзӯи мубориза бо терроризм мешавад


Тоҷикистон мизбони як ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи мубориза бо терроризм мешавад.

Ба навиштаи вебсайти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, қарор аст рӯзҳои 18-19-уми октябр дар Душанбе Конфронси байналмилалии таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз интиқоли террористҳо” барпо мешавад. Ба навиштаи манбаъ, шароити баргузории конфронсро рӯзи 25-уми август намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ ва раҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баррасӣ кардаанд.

Ҷузъиёти бештар нашр намешавад, танҳо гуфта шудааст, ки ин нишасти сатҳи баланд аст ва дар гузашта маъмулан дар чунин нишастҳо раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти кишварҳои шарики Тоҷикистон иштирок кардаанд.

Тоҷикистон вазъ дар Афғонистони зери назари Толибон ва ҳифзи сарҳад аз рахнашавии ҷангҷӯёни ифротиву қочоқи маводи мухаддирро аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти кишвараш медонад. Ҳамзамон созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро ба он айбдор мекунанд, ки шиорҳои мубориза бо экстремизм ва терроризмро бо мақсади саркӯб кардани рақибони сиёсӣ ва норозиён ва ҳамчунин маҳдуд кардани озодии баён суистифода мекунад.

XS
SM
MD
LG