Ссылки доступа

Парвандаи вазири пешини фарҳанги Қазоқистон: зарари эҳтимолӣ ба 7 млрд танга баробар аст


Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон гуфт, таҳқиқи парвандаи фасодкории вазири пешини фарҳанги он кишвар Аристонбек Муҳаммадиулӣ идома дорад.

Вазири пешин дар ғорати маблағҳои буҷа айбдор мешавад.

Зарари эҳтимолии ба давлат расонидаи вазири пешин тақрибан 7 миллиард танга баҳо дода мешавад.

Мақомоти зиддифасоди Қазоқистон таҳқиқи фасодкории вазири пешинро рӯзи 16 майи соли ҷорӣ шуруъ карданд.

Додгоҳ Аристонбек Муҳаммадиулиро 28 май ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Муҳаммадиулӣ аз соли 2014 то 2019 вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон буд.

XS
SM
MD
LG