Ссылки доступа

Ду реактори нерӯгоҳи ҳастаии Запороже дар пайи қатъи барқ аз кор мондааст


Мақомоти украинӣ мегӯянд, ду реактори фаъол дар нерӯгоҳи ҳастаӣ дар нерӯгоҳи ҳастаи Запороже дар натиҷаи сӯхтор ва садамаҳои воридшуда бар хати барқ, аз кор мондаанд ва ин масъала эҳтимоли рух додани фоҷеаеро афзоиш додааст.

Ширкати давлатии барқи Украина рӯзи панҷшанбе гуфт, ин нахустин боре аст, ки иртибот байни нерӯгоҳи ҳастаӣ бо шабакаи аслии барқи Украина қатъ мешавад.

Мақомоти хориҷӣ пайваста аз рух додани фоҷеа ҳушдор дода ва нерӯҳои русӣ ва украиниро таҳти фишор қарор додаанд, то барои ҳифозат аз ин калонтарин нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Аврупо, чора андешанд.

Русия аввали моҳи март, тақрибан ду ҳафта пас аз ҳамла ба Украина, назорати ин нерӯгоҳро ба даст гирифт, аммо дар айни замони муҳандисони украиниро иҷозат дод, то дар ин нерӯгоҳ кор кунанд.

Нахустин реактори ин нерӯгоҳ дар соли 1985 ба фаъолият оғоз кард. Идома даргирии нерӯҳои русӣ ва украинӣ дар наздики ин нерӯгоҳи ҳастаӣ, хафви рух додани ҳодисаҳои аламнокро афзоиш додааст.

Мақомоти украинӣ қаблан ҳушдор дода буданд, ки Русия эҳтимолан дар назар дорад то иртиботи ин нерӯгоҳ бо шабакаи барқро қатъ кунад. Ин масъала метавонад боиси заъиф шудани иқтисоди Украина ва ба вижа дар зимистони оянда шавад.

Ширкати "Энергоатом"-и Украина дар як хабарнома дар "Инстаграм" гуфтааст, "амалкарди таҷовузгарон иртиботи ин нерӯгоҳро бо шабакаи барқ ба таври комил қатъ кардааст. Ин барои бори аввал аз замони таъсиси ин нерӯгоҳ аст, ки барқ қатъ мешавад".

Ин изҳорот дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамзамон раиси Оҷонии байналмилалии энержии атомӣ эълон кардааст, ки Маскав ва Киев созиш кардаанд то муфаттишони СММ аз нерӯгоҳи ҳастаии Запороже дидан кунанд. Нерӯгоҳи ҳастаии Запороже дорои шаш реактори сохти Русия аст, ки танҳо ду реактори он кор мекунад.

Дар ҳоле, ки ҳамлаи Русия ба Украина вориди ҳафтумин моҳ мешавад, Русия шумори нерӯҳои мусаллаҳашро аз 1 миллиону 902 ҳазор ба 2 миллиону 39 ҳазору 758 нафар афзоиш хоҳад дод. Фармонро раисҷумҳур Владимир Путин рӯзи 25-уми август имзо кард. Он аз моҳи январи соли 2023 ба иҷро медарояд.

Ин тасмим пас аз ҳафт моҳи таҷовузи Маскав ба хоки Украина ва дар пасманзари гузоришҳои тасдиқнашуда дар бораи талафоти қобили мулоҳизаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия гирифта шудааст. Як мақомоти баландпояи Амрико дар аввалҳои моҳи ҷорӣ гуфта буд, аз замони ҷанг дар моҳи феврал, ҳудуди 70 то 80 ҳазор тан аз нерӯҳои русӣ дар ҷанги Украина кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG