Додситонии кулли Узбекистон гуфт, ин куштор дар заминаи рашк содир шудааст.
Қаблан дар Интернет наворе пайдо шуд, ки нишон медиҳад як мард занеро таҳқир ва латтукӯб мекунад. Ҳодиса шоми 24 августи имсол рух додааст. Дар хабари расонаҳои маҳаллӣ омадааст, ки сокини маҳаллаи Пахтакор С.Х.-и 31-сола ҳамсари 24-солааш М.Х.-ро дар заминаи рашк латтукӯб кардааст.
С.Х. як рӯз баъд тавассути тиреза вориди хонаи модарарӯсаш шуда, ҳамсарашро, ки ба онҷо паноҳ бурда буд, куштааст.
Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Куштор" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.