Ссылки доступа

Мақомот мегӯянд, барои роҳ надодани COVID чораҳои нав меандешанд


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои роҳ надодан ба сирояти дубораи СOVID-19 ба кишвар чораҳои беҳдоштиро тақвият додаанд. Ҳоло дигарбора дар фурудгоҳҳо гувоҳномаи бемориро мепурсанд ва ҳам сертификати ваксина ба зидди бемориро.

Мақомот мегӯянд, ин тасмим ба дунболи бад шудани вазъи эпидемикӣ дар кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи дур гирифта шудааст. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти беҳдоштии вазорати тандурустӣ ба Радиои Озодӣ шарҳ дод, ки ҳоло ҳангоми рафтуомад ба Тоҷикистон чӣ зарур аст: "Бояд шаҳрвандоне, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ҳангоми гузаштан аз нуқтаҳои сарҳадӣ ба мақомоти нигаҳбони сарҳад, ки дар он ҷо кормандони соҳаи тандурустӣ низ ҳастанд, шаҳодатномаи тиббӣ оид ба натиҷаи манфиии таҷзияи занҷираи полимелазӣ ё ин ки ПСР-ро пешниҳод кунад ва дар баробари ин бо худ бояд сертификати ваксинаро дошта бошанд. "

Дар сурати надоштани ин ду санад, тавассути табибон дар нуқтаҳои санитариву карантинии гузаргоҳҳои марзӣ мусофирон аз ташхис гузаронида мешавад. Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон хабар додааст, мусофирон дар нуқтаҳои билетфурушӣ аз ин тасмим огаҳ карда мешаванд.

Тибқи мушоҳидаҳо ҳоло ҳамаи мусофирон аз қоидаи нави вуруд ва хуруҷ дар гузаргоҳҳо марзӣ огаҳ нестанд. Диловар Саидов, сокини шаҳри Ҳисор гуфт, ки дар билетфурӯшиҳо роҷеъ ба тағйирот ба онҳо чизе нагуфтаанд.

Бархе мусофирони дигар, ки дар фурудгоҳи Душанбе буданд, дар даст гувоҳномаи COVID-19 ва сертификат доштанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло моякубии чаҳоруми гуруҳҳои осебпазири аз шастсола боло ва табибон оғоз ёфтааст. Аз оғози маъракаи моякубӣ дар моҳи марти соли 2021 то 19 август бештар аз 5 миллион ё 94,9 фоиз бо вояи якум, зиёда аз 5 миллион ё 93,3 фоиз бо вояи дуюм ва наздики 5 миллион нафар ё 88,0 фоиз бо вояи сеюм бар зидди бемории COVID-19 моякубӣ шуданд.

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон аз замони оғози пандемияи коронавируси нав бештар аз 17 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд ва 124 нафар фавтидаанд. Ҳоло мақомот мегӯянд, ки дар кишвар беморӣ вуҷуд надорад, ҳарчанд шубҳа сари ин гуфта ва омори вазорати тандурустӣ зиёд аст. Мутахассисон мегӯянд, теъдоди қурбониёни COVID-19 дар Тоҷикистон назар ба ончӣ ки мақомот мегӯянд, бисёр зиёд аст.

XS
SM
MD
LG