Ссылки доступа

Шветсия як паноҳандаи қазоқро ихроҷ мекунад


Созмони ғайридавлатии "Freiheit Für Eurasien" дар Австрия мегӯяд, ки фаъоли мадании қазоқ Ботагоз Исоеваро аз Шветсия ихроҷ мекунанд.

Намояндаи созмон Лайло Нозгул Сейтбек гуфт, охирҳои моҳи июли имсол Хадамоти муҳоҷирати Шветсия дархости паноҳандагии фаъолро бо вуҷуди пешниҳоди далел рад кард ва тасмим гирифт, ки ӯро ихроҷ кунад. Моҳи август додгоҳи таҷдиди назар қарорро бетағйир гузошт.

Ба назари Сейтбек, агар Исоева ба Қазоқистон баргардад, таъқиб хоҳад шуд.

"Мақомоти Шветсия аз додани паноҳандагӣ ба Ботагоз Исоева худдорӣ карданд. Онҳо бо вуҷуди далелҳое, ки мақомоти Қазоқистон ин фаъолро таъқиб кардаанд, бовар надоранд, ки ҷони вай дар ватан дар хатар аст. Ҳоло ӯ ҳар лаҳза метавонад ихроҷ шавад", - гуфт Сейтбек рӯзи 27 август ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи қазоқ, Исоеваи 55-сола соли 2015 дар Қазоқистон таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт. Вай дар нишасти хабарии мухолифони пайвастани Қазоқистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок карда, ҳамчунин хостори бастани гуруҳҳои "Қозоғистони Шимолӣ — замини русӣ" ва "Қазоқистони Шимолӣ — аслан замини русҳо аст" дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG