Ссылки доступа

Дар боздоштгоҳи Бишкек ҷасади як гумонбарро пайдо карданд


Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қирғизистон хабар дод, ки 28 август яке аз дастгиршудаҳо дар боздоштгоҳи муваққатии рақами яки шаҳри Бишкек ба ҳалокат расид.

Ба иттилои хадамот, ҷасади марди 35-соларо ҳамутоқонаш соатҳои 05:40 пайдо кардаанд.

Ин мард бо гумони фирор аз маҳбаси сукунатии вилояти Чуй 26 август ба боздоштгоҳи Бишкек интиқол ёфта буд.

Хабаргузории 24.kg бо истинод ба наздикони ҳалокшуда навиштааст, ки эҳтимол меравад, ӯро ба қатл расонда бошанд.

XS
SM
MD
LG