Ссылки доступа

Дар Қазоқистон 35 сокини як баландошёнаро ба ҷои бехавф кучониданд


Кормандони наҷоти шаҳри Чимкенти Қазоқистон субҳи 29-уми август 35 сокини бинои баландошёнаеро, ки оташ гирифта буд, ба ҷои бехавф интиқол доданд.

Дар натиҷаи сӯхтор касе захмӣ ё кушта нашудааст. Дар ҳоли ҳозир интиқоли барқ ва газ ба бинои мазкур қатъ шудааст.

Яке аз сокинони бино гуфт, хонаи дуҳуҷрагии ӯ комилан сӯхтааст ва замони оташ гирифтани бино вай бо кудакону наздиконаш дар дохил буданд.

Феълан сабабҳои оташ гирифтани бино маълум нест, вале сокинон гуфтанд, дар ошёнаи якуми бино ошхона ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG