Ссылки доступа

Гулноза Саидро ба Узбекистон роҳ надодаанд


Гулноза Саид (Саидазимова), ҳамоҳангсози Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) барои кишварҳои Осиёӣ Марказӣ ва Аврупоро ба Узбекистон роҳ надодаанд.

Хабаргузории “Фарғона” навишт, ки Гулноза Саид рӯзи 30-юми август ба Тошканд рафт, вале дар фурудгоҳ гуфтаанд, иҷозаи даромадан ба кишварро надорад.

Ба иттилои манбаъ, Гулноза Саид, шаҳрванди Амрико, ҳоло дар Фурудгоҳи байнулмилалии ба номи Ислом Каримов дар Тошканд аст. “Тибқи иттилои CPJ, мақомот гуфтаанд, ӯ бояд то замони бозгашт ба Ню-Йорк дар рӯзи 1-уми сентябр онҷо бимонад,” – навишт “Фарғона”.

Гулноза Саид баъди сафари корӣ ба Гурҷистон ва Латвия бо масоили хусусӣ ба Узбекистон рафтааст.

Мудири CPJ, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, гуфтааст, "мақомоти Узбекистон бояд ба Гулноза Саид иҷоза диҳанд, то ба кишвар ворид шавад ва писарашро гирифта, сиҳату саломат баргардад."

"Гулноза Саид дар Узбекистон кор накардааст. Мо манъи вуруди ӯро ба Узбекистон як навъ таъқиб мешуморем, то ӯро барои бозтоб ва ҳимояташ аз ҳуқуқи хабарнигорон дар хориҷи кишвар битарсонанд."

Худи Гулноза Саид баъд аз зуҳри 30-юми август ба хабаргузории “Фарғона” гуфтааст, ӯро панҷ ҳафта пеш бе ҳеч мушкил ба Узбекистон роҳ дода буданд ва ӯ ду ҳафта пеш онҷоро тарк кард.

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон як созмони мустақил ва ғайритиҷоратӣ аст, ки солҳо боз аз ҳуқуқи хабарнигорон дар саросари ҷаҳон ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG