Ссылки доступа

"Хатари хуфта". Тоҷикистон бо 2 миллион лампаи "кушанда" чӣ кор хоҳад кард?


Ду миллион лампаи каммасрафи симобдор, ки мақомот замоне мардумро ба истифодаи он маҷбур карданду ҳоло мегӯянд, аз он даст кашед, дар анборҳои Тоҷикистон "хуфтаанд".

Баъзе аз экологҳо симоби дохили лампаҳоро ба ҳаёти сокинон хатарзо медонанд. Мақомот мегӯянд, хатарро дарк мекунанд, аммо барои безараргардониву коркарди лампаи симобдор сармоя зарур аст.

Эколог Умедҷон Улуғов аз созмони "Пешсаф" зиёни лампаҳои симобдорро таҳқиқ кардааст. Ӯ рӯзи 25-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳангоми шикастани лампа, симоб аз дохилаш берун шуда, ба ҳаво меравад. Албатта, сокинон аз он нафас мекашанд. Симоби чунин лампаҳо метавонад, инсонро ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла саратон мубтало кунад."

Коркарду безараргардонии ин навъи лампаҳо, ки ахиран Тоҷикистон воридоту фурӯшашро манъ кард, ба як мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст. Дар корхонаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ гуфтанд, бахши аъзами лампаҳои симобдорро аз гӯшаҳои гуногуни кишвар барои коркард ба корхонаи "Чароғ" дар Исфара фиристодаанд, «вале коркардаш дуруст ба роҳ монда нашудааст».

Аҳлиддин Хоҷаев, намояндаи ин ниҳод, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло масъалаи безараргардонии 2 миллион лампаи корношоями хатарнок барои ҳаёти сокинон норӯшан мондааст. Ӯ афзуд, чунин лампаҳоро ҳеч кишваре қабул намекунад ва бояд дар дохил роҳҳои безараргардониро ёфт.

"Соли 2017 соҳибкор Аҳрор Раҳимов бояд аз Русия ду дастгоҳи безараргардонӣ меовард, аммо то имрӯз амалӣ нашуд. Соҳибкор иҷозаи Кумитаи ҳифзи муҳии зистро дорад ва дар Исфара коркарди онро бояд ба роҳ мемонд," – шарҳ дод ӯ.

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист гуфтанд, барои коркарду безараргардонии миллионҳо дона лампаҳои хатарнок корҳоеро анҷом додаанд.

Наим Неъматзода, масъули Кумита, рӯзи 29-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, як дастгоҳи коркарди чунин лампаҳо фаъол аст: "Аллакай дар Исфара дар корхонаи "Чароғ" ҳамин таҷҳизот гузошта шудааст. Мутахассис аз Русия даъват шуд ва мутахассисонеро, ки ба ин кор машғул мешаванд, дар муддати 10 рӯз омӯзиш дод. Дастгоҳ ҳозир кор карда истодааст. Ҳамарӯза аз се то чор ҳазор коркард шуда истодааст."

Соҳибкор Аҳрор Раҳимов бар ивази бештар аз 80 дирам барои ҳар дона лампаи симобдор бо ҳадафи коркард лампаҳоро ба Исфара кашонида, дар анборҳо нигоҳ медоштааст. Вай рӯзи 29-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо бо як дастгоҳе, ки аз сӯи Кумитаи ҳифзи муҳити зист насб шудааст, коркарди лампаҳои симобдорро роҳандозӣ кардаанд. «Рӯзона аз якуним то ду ҳазор чороғи корношоями симобдорро коркард мекунем,» -- афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки намояндаи корхонаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ мегӯяд, «дастгоҳе, ки соли 2018 аз тарафи худи Кумитаи ҳифзи муҳити зист дастрас ва дар корхонаи "Чароғ" насб гардид, бино бар сабабҳои номаълум то ҳол ба кор оғоз накардааст."

Лампаҳои симобдоре, ки феълан дар анборҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд, ба иттилои мақомот 20 дарсади миқдори умумии чунин чароғҳоро ташкил медиҳанд, ки ба кишвар ворид шудаанд. Боқимонда тавре дар идораҳои марбута гуфтанд, дар дасти аҳолӣ ва партовогоҳҳо мебошад.

Баъзе аз экологҳо мегӯянд, дар Тоҷикистон, ки аҳолияш 10 миллион нафар аст ва аксар оилаҳо аз лампаҳои симобдор истифода бурдаанд, безараргардонии онҳо аз тарафи танҳо як дастгоҳ дар Исфара кофӣ нест. Бо таваҷҷӯҳ ба хатари маргбори лампаҳои симобдор, экологҳо ҳушдор медиҳанд, ки коркарду безараргардонии он бояд ҳар чӣ зуд ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар як маъракаи нимаиҷборӣ соли 2009 сокинон ва корхонаву ширкатҳоро ба насби лампаҳои каммасраф водор кард. Он замон овардану фурӯхтани фурӯзонакҳои тасфон ё "лампаҳои илйичӣ" расман манъ шуд.

Ҳоло аз сокинон мехоҳанд, аз лампаҳои диодӣ истифода кунанд, ки дар бисёре аз кишварҳо роиҷ аст. Баъзе аз сокинон нархи онро гарон медонанд, вале мақомот аз лиҳози сиҳатӣ ва иқтисодӣ беҳтар мешуморанд.

XS
SM
MD
LG