Ссылки доступа

Дар Қазоқистон рӯзноманигорро барои наворгирии корвони сарвазир боздошт карданд


Рӯзноманигор Ардак Ерубоева 31 август ҳангоми кӯшиши сабти корвони сарвазири Қазоқистон Алихон Смаилов дар шаҳри Оқтеппа боздошт шуд.

Ба гуфтаи рӯзноманигор, вайро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд ва тақрибан се соат дар онҷо нигоҳ доштанд.

Раёсати пулиси вилояти Оқтепа боздошти Ардак Ерубаеваро шарҳ дод. Ба гуфтаи раёсат, рӯзноманигор аз иҷрои талаби қонунии маъмурони пулис худдорӣ кардааст.

"Сарвазир шахси муҳофизатшаванда аст. Афсарон мувофиқи дастур амал карда, Ерубоеваро дастгир карданд, ки ба пешвози корвон давида баромад", - афзудааст манбаъ.

Худи Ерубоева иддаои пулис дар бораи "ба пешвози корвон давида баромадан"-ро рад мекунад. Ба гуфтаи вай, дар шуъба бо ӯ сӯҳбати фаҳмондадиҳӣ анҷом шудааст. Рӯзноманигор гуфт, зидди маъмурони пулис барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии хабарнигорӣ шикоят бурдааст.

XS
SM
MD
LG