Ссылки доступа

Дар Қазоқистон интихоботи пешазмуҳалти президентӣ баргузор мешавад


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 1 сентябр дар паёми навбатии худ хабар дод, ки тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пешазмуҳлати президентӣ баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Тоқаев, "барои иҷрои комёби ислоҳоти решаӣ ва сартосарӣ дар масири бунёди Қазоқистони одилона мандати нави боэътимоди мардум зарур аст".

"Барои ман манфиати давлат аз ҳама болотар меистад ва бинобар ин, омода ҳастам, ки муҳлати ваколатҳои худро коҳиш дода, вориди интихоботи пешазмуҳлати президентӣ шавам", - изҳор дошт вай.

Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, "тавсия" медиҳад, ки муҳлати президентӣ бо як давраи ҳафтсола маҳдуд карда шавад. "Пешниҳоди ман хатарҳои инҳисори қудратро ба таври назаррас коҳиш медиҳад", - илова кард ӯ.

XS
SM
MD
LG