Ссылки доступа

Тоҷикистон барои ҳифзи сирри давлатӣ 1,5 миллион доллар ҷудо кард


Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи бештари сирри давлатӣ барномаи махсусеро то соли 2026 қабул карда, барои иҷрои он зиёда аз 15 миллион сомонӣ (1,5 миллион доллар) ҷудо кардаааст. Ин санадро Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 30-юми август ба нашр расонд.

Дар шарҳи зарурати қабули барнома гуфтаанд, рушди фанновариҳои нав "дастрасиро ба сирри давлатӣ барои кишварҳои хориҷӣ осон кардааст" ва, аз ин рӯ, Тоҷикистонро зарур аст, низомҳои техникии ҳимояи иттилои махфиро устувор кунад.

Гуфта мешавад, асбобу таҷҳизот ва фанновариҳои Маркази ҳимояи техникии иттилоот дар Тоҷикистон, ки ҳанӯз соли 2004 харида шудаанд, кӯҳна буда, барои навсозӣ зарурат пеш омадааст.

Дар ин санад рушди фанновариҳои рақамӣ як чолиш ё хавфе барои ҳифзи иттилооти сиррӣ гуфта мешавад, ки Тоҷикистонро водор кардааст, чунин барномаро рӯйи даст бигирад.

Тибқи ин барнома ҳукумат ният дорад, таҷҳизот ва фановариҳои навини иттилоотиро дастрас кунад. Кишвар дар ҳоле ин барномаро рӯйи даст мегирад, ки соли 2015 Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ, дар додгоҳе дар Теҳрон иддао карда буд, ки Тоҷикистон дастгоҳҳои қавии гӯш кардани гуфтугӯҳои телефониро дорад ва пулис аз он истифода мекунад.

Барои иҷрои барнома беш аз 15 миллион сомонӣ муодили 1,5 миллион доллар пул ҷудо шудааст. Дар баробари чораҳои дигар, ҷиҳати ҳифзи сирри давлатӣ ин барнома баргузор кардани мизҳои гирдро бо ширкати хабарнигорон ва кормандони расонаҳо дар назар дорад. Ҳадаф аз баргузории чунин мизҳои гирд бо ширкати хабарнигорон пешгирӣ аз нашри эҳтимолии сирри давлатӣ дар расонаҳо гуфта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки хабарнигорон дар Тоҷикистон аз маҳдуд будани дастрасӣ ба иттилоъ шикоят мекунанд. Мақомот дар бисёре аз маврид аз гуфтани иттилое, ки мувофиқи қонун сиррӣ нест, низ худдорӣ меварзанд.

Тоҷикистон дар радабандии нави озодии матбуот дар ҷаҳон дар миёни 180 кишвар дар мақоми 152-юм аст. Тоҷикистон дар қатори кишварҳое ҷойгир аст, ки озодии баён “дар вазъияти душвор” аст.

XS
SM
MD
LG