Ссылки доступа

Жапаров гуфт, барои бунёди "Қамбарота-1" ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон чи қадар пул лозим аст


Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 1 сентябр дар ҷаласаи нахустини порлумони ин кишвар баъди таътили тобистона гуфт, бояд беш аз 120 лоиҳаи қонун баррасӣ карда шавад.

"Мо бунёди неругоҳи обии Қамбарота-1-ро оғоз кардем. Қаблан дар соли 2014 ҳисоб карда шуд, ки барои сохтмони он 3 миллиард доллар лозим аст. Аммо ҳоло нархи маҳсулоти лозимӣ ба таври назаррас боло рафтааст. Бинобар ин, акнун аз 5 то 6 миллиард доллар лозим аст. Барои ҷамъоварии ин маблағи калон ба як қатор қонунҳо бояд тағйирот ворид кард. Рӯзҳои 15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанд дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангхай имзои созишнома дар бораи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ҳам дар назар аст. Тибқи пешбиниҳо, ин тарҳ ҳам аз 5 то 7 миллиард доллар харҷ дорад", - изҳор дошт Жапаров.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 8 июн ба сохтмони "Қамбарота-1" дар вилояти Ҷалолободи он кишвар оғоз бахшид. Дар маросими оғози сохтмон Ҷабборов гуфт, дар марҳилаи аввали сохтмон наздики 1,5 млрд сом ҷудо шудааст.

Қирғизистону Узбекистон моҳи марти соли 2021 изҳор доштанд, ки "Қамбарота-1"-ро бо ҳам месозанд. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев моҳи майи имсол низ гуфт, мехоҳад, "Қамбарота-1" дар якҷоягӣ сохта шавад.

Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ҳанӯз аввали солҳои 2000-ум эълом шуда буд, аммо то ин замон тарҳ амалӣ нашудааст. Сармуҳандиси ширкати "Роҳи оҳани Қирғизистон" Роман Спасский ахиран хабар дод, ки таҳияи асоснокии техникиву иқтисодии тарҳи мазкур дар семоҳаи дувуми соли 2023 ба поён хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG