Ссылки доступа

Соҳибкоре дар деҳаи дурдасти Ховалинг мактаб сохт (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Соҳибкоре дар деҳаи дурдасти Ховалинг мактаб сохт.​ Рӯзи 1-уми сентябр дар як деҳаи дурдасти Ховалинг даҳҳо хонанда ба мактабе барои таҳсил рафтанд, ки бо кумаки соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст. Дар суҳбат бо ҳамкорамон Маҳмудҷон Раҳматзода ин соҳибкор изҳор намуд, ки мушкили омӯзгорони мактаб низ фаромуш нашудааст. (видео)

- Хотираи Акбаршо Искандаров аз Михаил Горбачев.​ Мероси сиёсии Михаил Горбачёв, марде, ки дар айёми раҳбарии ӯ Шӯравӣ фурӯ пошид, мавзӯи баҳсбарангез дар паҳнои Шӯравии пешин мондааст. Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон, ки бо Михаил Горбачёв нишасту бархостҳое дошт, назари худро ба мероси сиёсии ӯ чунин баён кард. (видео)

- "Дар оғози табаддулот шод шудем, баъд пушаймон”.​ Як пурсиши сарироҳии хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе нишон дод, ки сокинон ба кору зиндагии Михаил Горбачёв назари гуногун доранд. (видео)

- Додхоҳии муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик дар Русия. Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии "Красное Село", дар канори шаҳри Санкт-Петербург, мегӯянд, ки дар шароити баде ҳастанд, аммо касе ба додашон намерасад. Онҳо ба вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия муттаҳаманд. (видео)

- Чи гуна Конститутсияи Қазоқистонро тағйир доданд. (видео)

- Чаро дар Хуррамшаҳр фақат занон мондаанд? Сокинони деҳае дар Турсунзода мегӯянд, ки 80 дар сади мардонашон тарки ватан кардаанд ва бори зиндагӣ ба дӯши занон афтодааст. Дар ин деҳа мардони солхӯрдае мондаанд, ки тавони рафтан ба муҳоҷиратро надоранд. (видео)

- Дар Форуми Кӯлоб 15 санади ҳамкорӣ имзо шуд. Дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ дар Кӯлоб 15 санади ҳамкорӣ имзо шудааст. (видео)

- Даъво бо корхонаи тилло, аммо на барои тилло.​ Сокинони деҳае дар домани куҳистони шаҳри Панҷакент аз фаъолияти як коргоҳи чинӣ шикоят доранд ва мегӯянд, ин корхона ба истеҳсоли “зар” машғул аст, вале ба атрофиён заҳр медиҳад. (видео)

- ​Дар Тоҷикистон чораҳои мубориза бо СОVID-ро зиёд кардаанд.​ Дар Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз сирояти дигарбораи бемории COVID-19 чораҳои беҳдоштиро тақвият бахшидаанд ва маъракаи нави ваксинзаниро оғоз кардаанд. (видео)

- Вакилони порлумони Аврупо хостори таҳқиқи ҳодисаҳои январи Қазоқистон шуданд (видео)

- "Роҳ дар як сол ҳафт моҳ бастааст". (видео)

- Мирзиёев ва Тоқаев ҳаҷ карданду бо Арабистони Саудӣ шартнома бастанд (видео)

- Собиқ додситони кулли Тоҷикистонро кӣ кушт? Нурулло Ҳувайдуллоев, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, 24 августи соли 1992 дар Душанбе кушта шуд. Аз он замон то ҳоло ду нафарро ба гуноҳи куштани ӯ ҳукми қатл дода, як фармондеҳи давраи ҷангро низ дар ин кор гумонбар медонанд, аммо то ҳанӯз чигунагии тарҳрезӣ ва наҳваи иҷрои он норӯшан мондааст (видео)

- "Зӯрам ба хариди либос барои 4 нафар намерасад". Дар Тоҷикистон солҳост, ки баҳси харидани либосҳои мактабӣ идома дорад. Мақомот мегӯянд, либоси ягонаи ҳатмӣ ва истеҳсоли дохилӣ барои ҷомеаву иқтисоди кишвар хуб аст, теъдоде аз волидон мегӯянд, либос бисёр гарон аст ва хариди он барои чаҳор фарзанд миёншикан аст (видео)

- Эрна Гейзер: Ман ба Олмон омадам, ватанам он ҷо монд.
Мусиқишинос Эрна Гейзер 23 августи соли 1942 дар хонаводаи геологҳои олмонитабор Роберт Гейзер ва Вера Рутинг таваллуд шудааст. Падарашро бори аввал дар чаҳорсолагӣ, баъди бозгашти ӯ аз урдугоҳҳои кории шӯравӣ дид, ки баробар бо зиндон буданд (видео)

- Ёди муҳоҷирони қирғизро дар Душанбе гиромӣ доштанд.
Барои гиромидошти хотираи муҳоҷирони қирғиз дар сафорати Қирғизистон дар Душанбе барои ёдбуди муҳоҷирони фавтида китоби хотира кушоданд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG