Ссылки доступа

Мухолифи қазоқ Фарит Ишмухаметов шартан озод шуд


Фаъоли маданӣ аз шаҳри Семейи Қазоқистон Фарит Ишмуҳаметов, ки моҳи январи имсол дастгир шуда буд, 1 сентябр аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шуд.

Ду ҳафта пеш шикояти ӯро рад карда гуфта буданд, ки иттиҳоми зидди вай "қонунӣ" аст. Фаъоли мадании қазоқ гуфт, ин раҳоии ӯ ба паёми ахири президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рабт дорад.

"Фикр мекунам, ки суханронии президент таъсир гузоштааст. Мардум ба сиёсат ва созмонҳои ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ пайдо карданд. Ба назарам, норозигии мардум ба президент таъсир мерасонад. Созмонҳои байналмилалӣ ва СММ мебинанд, ки мақомот ҷомеаи шаҳрвандиро саркӯб мекунанд", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи қазоқ, Ишмуҳаметов дар як гирдиҳамоии оммавӣ, ки рӯзҳои 5 ва 6 январ дар майдони марказии Семей баргузор шуда буд, ширкат дошт ва бар аҳамияти сулҳомез будани тазоҳурот таъкид мекард, вале ӯро дар баробари шуморе аз эътирозгарон боздошт карданд. Ишмуҳаметов шоми 7 январ раҳо шуд ва рӯзи дигар тибқи даъватнома, ба идораи пулис рафт. Дар он ҷо ӯ дубора дастгир ва ба боздоштгоҳи Уст-Каменогорск интиқол дода шуд.

XS
SM
MD
LG