Ссылки доступа

"Ҷони мо дар хатар аст." Идомаи "депортатсия"-и паноҳҷӯёни афғон аз Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ

Чанд манбаи боварбахш рӯзи 3-юми ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон идома дорад ва дар се рӯзи охир даҳҳо нафар маҷбуран ба Афғонистони зери итоати Толибон фиристода шудаанд. Мақомот дар ин бора ҳеч шарҳ намедиҳанд. Пештар Комиссариати олии Созмони милал дар умури гурезагон аз Тоҷикистон хоста буд, ба ихроҷи маҷбурии афғонистониҳо поён диҳад.

Яке аз муҳоҷирони ихроҷшуда ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 31-уми август чанд нафар худро маъмурони амниятӣ муаррифӣ карда, ӯро аз бозори ноҳияи Рӯдакӣ ба Душанбе овардаанд.

"Гуфтанд, ки санадҳоро тафтиш мекунанд. Ба онҳо гуфтам, ки ҳуҷҷатҳои ман дурустанд, марҳамат, тафтиш кунед. Моро ба хона бурда, гуфтанд, ки бачаҳоятро бигир ба идораи амнияти шаҳр мебарем. Моро ба Душанбе, ба назди ҳайкали Сомонӣ, бурда, баъди нисфирӯзӣ бо мошин ба марз оварданд ва ба тарафи Афғонистон гузаронданд. Ягон додгоҳ баргузор нашуд, ҳатто нагузоштанд пурсем, ки барои чӣ моро ихроҷ мекунед,” – гуфт ин муҳоҷири афғонистонӣ. Ӯ ба далели амниятӣ нахост, номашро нависем.

Кӯшишҳои мо барои гирифтани назари мақомот то ин лаҳза бенатиҷа буд. Пештар низ чанд паноҳандаи афғонистонӣ гуфта буданд, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ онҳоро боздошт карда, аз Тоҷикистон меронанд.

Муҳоҷири афғонистонӣ, ки се рӯз пеш ихроҷ шуд, иддао дорад, ки корти сурхи паноҳандагӣ дошт ва се соли охир бидуни нақзи қонунҳо дар Тоҷикистон зистааст. Ба гуфтаи ин шаҳрванди Афғонистон, ӯро ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзандаш берун карданд.

“Рӯзи чоршанбе 12 нафарро ихроҷ карданд. Ман ва ҳамроҳонам дар бинои амният фақат як савол пурсидем, ки бо чӣ далел моро аз Тоҷикистон берун мекунед? Мо коргар ҳастем ва чанд нафарро ҳам аз сари кораш кашида оварданд ва берун карданд. Ҳамсари ман ҳаштмоҳа ҳомила аст ва дугоник дорад. Ҳозир дар Шерхон Бандар дар як ҳолати вазнин ҳастем. Пул надорем, ки ба дохили Афғонистон равем,” - шикоят дорад ин муҳоҷири афғонистонӣ.

Дар ҳамин ҳол як муҳоҷири дигари афғонистонӣ ба шабакаи телевизионии “Афғонистон интернешнл” гуфтааст, 3 ҳафта боз “Тоҷикистон муҳоҷирони афғонро ба далелҳои ноҷо ва бемаъно ихроҷ мекунад.”

“Ҳатто дар ин рӯзҳои ахир афғонҳо дар хонаҳои худ пинҳон шудаанд ва берун намебароянд. Вале пулисҳои Тоҷикистон онҳоро аз хона берун мекашанд ва депорт мекунанд. Тамоми мо афғонҳо корти гурезагӣ дорем ва дар Созмони Милал сабт ҳастем. Мо агар ба Афғонистон баргардем, ҷони мо дар хатар аст, чун мо кормандони ҳукумати пешин ҳастем,” - гуфтааст муҳоҷири афғонистонӣ.

Як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, давоми се рӯзи ахир наздик ба 60 афғонистонӣ аз Тоҷикистон ихроҷ шуданд. Ихроҷҳои пайиҳам муҳоҷирони афғонистониро дар Тоҷикистон нигарон кардааст.

Комиссариати олии Созмони Милал дар умур гурезагон рӯзи 25-уми август дар изҳороте аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба кишварашон нигаронӣ карда, аз давлати Тоҷикистон хост, ба ин кор поён диҳанд. Мақомот расман дар ин бора чизе нагуфтанд.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, аз тарси Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Ин гуруҳи тундрав як сол боз дар Афғонистон ҳукумат мекунад ва ба нақзи ҳуқуқи одамон, ба вижа занону духтарон, муттаҳам аст.

XS
SM
MD
LG