Ссылки доступа

Қирғизистон аз ИМА хост додани визаро осонтар ва муҳлаташро бештар кунад


Дар сафорати ИМА дар Қиғизистон навбатпойии тӯлонӣ барои дарёфти виза ташкил шудааст.

Дар ин бора сафири Қирғизистон дар ИМА ва Канада Бакит Амонбоев дар мулоқот бо муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказиву Ҷанубӣ Брайан Стиммлер хабар дод.

Амонбоев хостааст, ки дар сабуксозии раванди дарёфти виза барои шаҳрвандони Қирғизистон мусоидат карда шавад. Сафир ҳамчунин хостааст, додани виза ба донишҷӯён содатар гардонида шавад. Ба илова, Амонбоев пешниҳод кардааст, ки муҳлати визаҳои сайёҳӣ аз 5 ба 10 сол тамдид карда шавад.

Брайан Стиммлер дар навбати худ ваъда додааст, ки сабабҳои сар задани навбатпойии тӯлониро дар сафорати ИМА дар Қирғизистон меомӯзад.

Пештар расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки дар сафорати ИМА дар он кишвар то миёнаҳои соли 2023 санаҳо пур шудаанд ва имкони навбат гирифтан нест. Сафири ИМА дар Қирғизистон Нолен Ҷонсон гуфт, баъд аз бардоштани маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус хоҳишмандони дарёфти визаи ИМА якбора афзудааст.

XS
SM
MD
LG