Ссылки доступа

Дӯконҳои китоби диниро дар Душанбе бастаанд. Мақомот шарҳ намедиҳанд


Мақомот дӯконҳои фурӯши адабиёти диниро дар маркази шаҳри Душанбе бастаанд. Масъулони Кумитаи дин қазияро шарҳ надоданд, аммо як намояндааш гуфт, ки "муваққатӣ аст".

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми сентябр шоҳид шуданд, ки дари нуқтаҳои китобфурӯшӣ дар назди масҷиди марказии Душанбе баста аст. Дар инҷо беш аз 10 дӯкон аст ва сокинон адабиёту дастурамалҳои диниро аз ҳамин дӯконҳо дастрас мекарданд.

Яке аз соҳибони дӯконҳо гуфт, 3 ҳафта боз мақомот ба дари дӯконҳои онҳо муҳр зада, намегузоранд, ба корашон идома диҳанд.

Пушти дари дӯконҳо, ки китобу дастуруламаҳои динӣ мефурухтанд, муҳри Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин зада шудааст. Дар Кумитаи дин ҳозир нашуданд, сабаби бастани дӯконҳоро шарҳ диҳанд.

Як масъули идора бидуни зикри номаш тасдиқ кард, ки ба дари ин дӯконҳо моҳи гузашта ва баъди як санҷиши муштараки чанд ниҳод муҳр заданд. “Баъзе маводу адабиёте, ки аз онҷо гирифтем, ҳоло дар санҷиш аст, аммо дари дӯконҳо кушода хоҳад шуд,” – гуфт ин масъули Кумитаи дин.

Дӯконҳои китоби диниро дар Душанбе бастаанд
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:43 0:00

Дар дӯконҳои назди масҷиди марказии Душанбе асосан адабиёти диние фурӯхта мешуд, ки бо иҷозаи Кумитаи дини Тоҷикистон нашр ва ё аз хориҷ ба кишвар оварда шудаанд. Ҳоло маълум нест, ки мақомот аз ин дӯконҳо чӣ адабиёт ёфтаанд, ки боиси баста шудани онҳо гардид.

Чанд ҳамсуҳбати мо дар кӯчаҳои Душанбе гуфтанд, адабиёти диниро асосан аз дӯконҳои назди Масҷиди марказии Душанбе мегирифтанд. Маҳмуд, як ҳамсуҳбати мо дар хиёбонҳои Душанбе, гуфт, "аксар сокинони кишвар мусалмонанд ва бояд нуқтаҳои фурӯши адабиёти динӣ бошад".

"Албатта, ин гуна дӯконҳо бояд зери назорати мақомот кор кунанд ва ҳар хел китобро нафурӯшанд. Бе ҷанҷол мегирӣ, хондан мегирӣ ва шуморо ҳам касе азият намекунад,” – илова кард мусоҳиби мо.

Бори аввал нест, ки барои фурӯши адабиёти динӣ дар кишвар мушкилӣ пеш меояд. Аввали имсол мақомот иҷозат надоданд, ки як соҳибкор аз Афғонистон ба кишвар 13 тонна китоби Қуръон ворид кунад. Мақомот гуфтанд, ӯ қаблан бояд иҷозат мегирифт.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динии мардум ва монеъ шудан ба иҷрои расму оини мазҳабӣ танқид кардаанд. Мақомот тасмимҳои худро барои пешгирӣ аз афзоиши ифротгароӣ дар кишвар муҳим медонанд.

XS
SM
MD
LG