Ссылки доступа

Ба узбекистониҳо машварат доданд, дар рӯзҳои саммити СҲШ ба Самарқанд нараванд (видео)


Раёсати корҳои дохилии шаҳри Самарқанди Узбекистон хабар дод, ки вуруд ба шаҳр аз 14 то 17 сентябр манъ мешавад. Ин раёсат ба шаҳрвандон тавсия дод, ки сафарашонро ба Самарқанд дар рӯзҳои дигар анҷом диҳанд.

Хабар дода мешавад, ин тадбир ба хотири баргузории саммити Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) аст.

Ба илова дар 16 кӯчаи шаҳр ҳаракат манъ мешавад.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки ба хотири сафари президенти Русия Владимир Путин чораҳои амниятӣ дар шаҳр сахттар шудаанд.

Фурудгоҳи шаҳри Самарқанд низ аз 14 то 16 сентябр баста мешавад. Раёсати маорифи халқии шаҳри Самарқанд хабар дод, ки дарсҳо дар мактабҳо аз 19 сентябр оғоз мешаванд.

Саммити навбатии СҲШ рӯзҳои 15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад. Узбекистон, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Қазоқистон, Ҳинд, Покистон ва Эрон узви СҲШ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG