Ссылки доступа

Тоқаев ба вилояти Костанай рафт. Оташ дар ин вилояти Қазоқистон хомӯш намешавад


Рӯзи душанбеи 5 сентябр президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба вилояти Костанайи кишвараш рафт.

Рӯзи 2 сентябр дар ин вилоят оташ сар зад. То ин замон бештар аз 1,8 ҳазор ба ҷои амн кӯч дода шудааст. Ба далели вазидани шамол оташ бештар паҳн мешавад. Рӯзи 4 сентябр дар Костанай вазъи фавқулода эълон шуд.

Вазораи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон гуфт, рӯзи 4 сентябр масоҳати оташ ба 43 ҳазор га замин расидааст.

XS
SM
MD
LG