Ссылки доступа

Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ вориди Қазоқистон мешавад


Президенти Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ рӯзи 14 сентябр вориди Қазоқистон мешавад.

"Дар ин сафар гуфтугӯи дуҷонибаи сарони ду давлат, инчунин имзои ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ дар назар аст", - гуфт Ойбек Смадрияров, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Ин нахустин сафари хориҷии роҳбари Чин аз оғози вабои коронавирус дар соли 2020 аст.

Дар Осиёи Марказӣ дар маҷмуъ ва дар Қазоқистон ба вижа солҳои охир густариши таъсири Чин эҳсос мешавад. Пекин талош дорад, бо ҳамсояҳояш робитаҳои наздики иқтисодиро тақвият бахшад. Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ду кишвар ба миқдори 11,26 миллиард доллар доду гирифт кардаанд.

XS
SM
MD
LG