Ссылки доступа

Туркманистон аз Туркия даъват кард, барои туркманистониҳо виза ҷорӣ кунад


Мақомоти Туркманистон аз ҳукумати Туркия даъват карданд, ки барои шаҳрвандони Туркманистон виза ҷорӣ кунад.

Дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Турманистон омадааст, ки ба таври муваққат виза ҷорӣ карда шавад. Ҳадафи ин дархост - "такмил ва воридсозии низоми асосноки тартиби вуруди шаҳрвандони Туркманистон ба Туркия" унвон шудааст. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Туркманистон нагуфтанд, ки муҳлати муваққат чи қадар хоҳад буд.

Дархости мақомоти Туркманистон дар ҳолест, ки ҳазорон шаҳрванди ин кишвар ба Туркия барои кор мераванд.

Айни замон шаҳрвандони Туркманистон метавонанд, бидуни виза ба Туркия рафта, то 30 рӯз онҷо бошанд. Ҳамзамон то 20 ҳазор донишҷӯи Туркманистон дар Туркия таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG