Ссылки доступа

Дар шаҳри Алмато як автобуси мусофирбар оташ гирифт


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон як автобуси мусофирбар оташ гирифт. Ба иттилои департаменти ҳолатҳои фавқулодаи Алмато, ҳеч касе дар ин оташсӯзӣ ҳалок нашуда ва зарар надидааст.

Ҳодисаи мазкур субҳи рӯзи 6 сентябр рух додааст.

Корбарон навори оташсӯзии автобусро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.

Сабабҳои оташсӯзӣ маълум нест.

XS
SM
MD
LG