Ссылки доступа

Комисияи Аврупо ба Украина ним миллиард евро кӯмак мекунад


Комисияи Аврупо ба Украина дар ҳаҷми 500 млн евро кӯмак мекунад. Ҷонибҳо дар ин маврид санад имзо кардаанд, хабар дод намояндаи расмии Комисияи Аврупо Эрик Мамер рӯзи 5 сентябр.

Ин иттилоъро сарвазири Украина Денис Шмигал тасдиқ кард.

Хабар дода мешавад, бастаи кӯмакҳо барои пуштибонӣ аз касоне сарф мешавад, ки дар дохили Украина аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчидаанд. Ҳамчунин кишоварзон аз ин кӯмакҳо бархурдор хоҳанд шуд. Мақомоти Украина метавонанд, ин маблағҳоро дар бахши маориф низ сарф кунанд.

Пештар аз ин расонаҳо хабар доданд, Иттиҳоди Аврупо ба Украина дар ҳаҷми 5 млрд евро кӯмак хоҳад кард.

Ба илова, Кохи сафеди ИМА тасмим дорад, барои хариди ҳавопаймоҳои низомӣ ва кӯмак ба буҷаи Украина 11,7 млрд доллар ҷудо кунад. Қарор аст, ин маблағҳо дар семоҳаи аввали соли 2023 ба Украина расонида шаванд.

XS
SM
MD
LG