Ссылки доступа

Арзиши билети қатораи Тошканд-Душанбе 20% пойин омад


Шуруъ аз 6 сентябр арзиши билети қатораи "Душанбе-Тошканд-Душанбе" 20 дарсад пойин омад.

Ин тасмим дар пайи гуфтугӯи намояндагони ширкатҳои "Роҳи оҳани Узбекистон" ва "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гирифта шудааст.

Қатораи Душанбе-Тошканд аз 20 июни соли ҷорӣ ба гардиш даромад.

Дар сомонаи "Роҳи оҳани Узбекистон" арзиши билети Тошканд-Душанбе наздики 44 доллар нишон дода шудааст.

Фосилаи байни Душанбеву Тошканд 916 километр аст. Қатора ин роҳро дар 21 соат мепаймояд.

XS
SM
MD
LG