Ссылки доступа

Шавкат Мирзиёев дар бартараф кардани оқибатҳои оташ ба Қазоқистон пешниҳоди кӯмак кард


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 6 сентябр бо ҳамтои қазоқистониаш Қосимҷомарт Тоқаев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Мирзиёев гуфтааст, кишвараш омода аст, ки дар бартараф кардани оқибатҳои оташсӯзӣ ба Қазоқистон кӯмак расонад.

Сарони ду давлат масоили дигари ҳамсоядорӣ, тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои стратегӣ ва ғайраро баррасӣ кардаанд.

Таваҷҷуҳи бештари ду роҳбар ба амалисозии тарҳҳои марбут ба тиҷорат, саноат, энержӣ, нақлиёт ва ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо равона шудааст.

XS
SM
MD
LG