Ссылки доступа

Як кӯдак аз боғчае дар Узбекистон фирор ва дар дарёча ғарқ шуд


Як кӯдаки 4-сола дар вилояти Фарғонаи Узбекистон аз боғча фирор карда, дар дарёча ғарқ шудааст.

Ин ҳодиса рӯзи 21 июли соли ҷорӣ рух додааст. Комисияи махсуси вазорати таҳсилоти томактабии Узбекистон муайян кардааст, ки ҳодисаи мазкур дар пайи хунукназарии кормандони боғча рух додааст. Писарбачаи чаҳорсола аз боғча фирор ва дар дарёчаи наздики манзилашон ғарқ шудааст.

Нисбати ҳамаи масъулон ва дигар кормандони боғча бо моддаҳои "Хунукназарӣ дар адои вазифаҳои касбӣ, ки боиси марги одам шудааст" ва "Ғорат тавассути азхудсозӣ ё исрофкорӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG