Ссылки доступа

Муҳокимаи Муҳаммади Султон дар Душанбе. Худаш гуфтааст, гуноҳ надорад


Муҳаммади Султон
Муҳаммади Султон

Дар Душанбе баррасии парвандаи Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммад Султон), рӯзноманигор ва маъмури пешини амният, сар шуд. Рӯзи аввали мурофиа 7-уми сентябр дар Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт гузашт.

Додрас гуфтааст, Мамадсултон Мавлоназаров ба "Даъвати оммавӣ барои амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ тариқи интернет" (қисми дуи моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ); ​"Таҳқири ҳокимияти давлатӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ" (қисми дуи моддаи 330-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам аст.

Пайвандонаш мегӯянд, Муҳаммади Султон як ҳафта пеш дар мулоқот бо бародараш "айбномаро рад карда, худро бегуноҳ шумурд".

Дар аввал намояндагони Додгоҳ ба пайвандони Муҳаммади Султон гуфтаанд, мурофиа ба таври боз баргузор мешавад. Хабарнигорон мегӯянд, ба онҳо иҷозаи вуруд ба толори додгоҳ надоданд.

Мақомоти интизомии Душанбе Муҳаммади Султонро рӯзи 16-уми июни имсол аз хонааш бурданд ва ба иддаои хешовандонаш, ба ӯ "ҳатто имкон надоданд, ки пойафзолашро бипӯшад."

Яке аз пайвандони Муҳаммади Султон гуфт, бародараш ҳафтаи гузашта бо ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатӣ мулоқот кардааст.

"Аз саломатӣ шикоят накардааст. Гуфтааст, гуноҳ надорад ва ҳар чизе дар Фейсбук навишт, ҳанӯз ҳаст ва ҳар кас метавонад ба он баҳо диҳад. Хулоса, тундгароӣ накарда, намояндаи ҳокимияти давлатиро низ таҳқир накардааст," -- афзуд мусоҳиби мо.

Муҳаммад Султони 72-сола, маъмури пешини амният, дар солҳои 70-ум дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" кор кардааст. Ӯ солҳои охир дар саҳифааш дар Фейсбук фаъолияти мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раҳбарони онро танқид мекард.

Мақомот дар бораи навиштаҳои пешинаи ӯ чизе нагуфтаанд. Рӯшан нест, ӯро барои танқидҳояш аз раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир кардаанд ё навиштаҳояш дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон ва ё масоили дигар.

XS
SM
MD
LG