Ссылки доступа

Нашри рӯйхтаи сарони давлатҳое, ки дар саммити Самарқанд ширкат мекунанд


Дар маркази матбуотии президенти Узбекистон гуфтанд, саммити Самарқанд аз соли 2019 то ин замон нахустин дидори рӯ ба рӯи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аст.

Дар саммит президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Русия Владимир Путин, роҳбари Чин Си Ҷинпин, сарвазири Ҳинд Нарендра Модӣ, сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Белорус Александр Лукашенко, президенти Эрон Иброҳим Раисӣ, президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян ширкат мекунанд.

Саммити навбатии Шӯрои роҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай рӯзҳои 14-18 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG