Ссылки доступа

Маликаи Бритониё, Елизаветаи II, даргузашт


Елизавета II
Елизавета II

Қасри Букингем шоми 8-уми сентябр эълон кард, ки маликаи Бритониё Елизаветаи II дар 96-солагӣ даргузашт.

Писари калонии ӯ, Чарлзи 73-сола, ба таври худкор подшоҳи Бритониё ва раҳбари 14 қаламрави дигар, аз ҷумла Австралия, Канада ва Зеландияи Нав мешавад. Ҳамсари ӯ малика хоҳад буд.

Аъзои хонаводаи маликаи Бритониё дар пайи нигаронӣ аз вазъи саломати ӯ, 8-уми сентябр, ба суръат худро ба истироҳатгоҳи тобистонии ӯ дар Шотландия расонданд.

Малика Елизаветаи II аз охирҳои соли гузашта дучори мушкил шуда, пизишкон ба ӯ тавсия карда буданд, ки зери муроқибат бимонад. Вай бисёре аз вазифаҳои худро ба наздиконаш, хусусан шоҳзода Чарлз, супурда буд.

Елизаветаи II аз соли 1952 ва пас аз марги падараш ба муддати 70 сол маликаи Бритониё буд. Дар ин муддат чаҳордаҳ сарвазири Бритониё иваз шудааст.

XS
SM
MD
LG