Ссылки доступа

Додситонии Тошканд дар пайи буридани 58 дарахт парвандаи ҷиноӣ боз кард


Додситонии ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканди Узбекистон дар пайи буридани 58 дарахт парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора аз додситонии кулли Узбекистон хабар доданд.

Ба иттилои додситонӣ, зарари буридани дарахтҳо 73 ҳазор доллар баҳо дода шудааст.

Моҳи октябри соли гузашта ширкати сохтмонии "GORODA STROY" барои буридани 42 дарахт аз мақомот иҷозат хостааст. Кормандони кумитаи давлатии муҳитзистии Узбекистон баъди омӯзиши дархости ширкат ҷавоби рад додаанд.

Вали ширкат бидуни иҷоза дарахтонро буридааст.

XS
SM
MD
LG