Ссылки доступа

Дар порлумони Қирғизистон пешниҳод доранд, барои озори ҷинсии кӯдакон ҷазои "ахтасозӣ" таъйин шавад


Вакили порлумони Қирғизистон Улан Бакасов дар бораи ахтасозии касоне, ки даст ба озори ҷинсии кӯдакон мезананд, тарҳи қонунеро таҳия ва ба порлумон пешниҳод кардааст.

Дар тарҳи қонун омадааст, ки ахтасозӣ аз роҳи ҷарроҳӣ ба маънои буридани узвҳои таносул аст. Бо ин ҳол, дар тарҳи қонун пешниҳод шудааст, ки қабл аз чунин ҷарроҳӣ бояд ташхиси тиббии гумонбар анҷом шавад ва "педофил" ё кӯдакозор будани вай исбот гардад.

"Иҷозаи ахта аз сӯи додгоҳ дар асоси хулосаи иборат аз пизишкону равоншиносон дода мешавад", - пешниҳод кардааст муаллифи тарҳи қонун.

Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаи рӯзи 7 сентябр дар порлумони Қирғизистон чанде аз вакилон дар пайи ҳодисаи таҷовузи хонандаи мактаб дар ноҳияи Қадамҷои он кишвар, пешниҳод карданд, барои кӯдакозорон ҷазои эъдом таъйин шаванд.

Вакил Ирисбек Отаҷонов пешниҳод кард, ки барои дарёфти иттилои бештар роҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ ба порлумон даъват шавад.

"Ин фоҷиаи миллӣ аст ва ин бори аввал нест, ки рух медиҳад. Мо бояд тасмим қатъӣ бигирем, барои кӯдакозорон (педофилҳо) ҷазои қатл таъйин кунем. Биёед комисия ташкил ва масъалаи ворид кардани тағйиротро баррасӣ мекунем", - гуфт Отаҷонов.

Вакилони дигар низ аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ карданд.

Рӯзи 4 сентябр дар деҳаи Ноогардани шоҳроҳи Ӯш-Раззоқови Қирғизистон дар дохили нақби обгузар ҷасади духтари 14-сола ёфт шуд. Бо гумони даст доштан дар ин куштор се сокини ноҳияи Қадамҷой боздошт шудаанд.

Кормандони пулис гуфтанд, дастони духтар баста ва дар гарданаш изи хафасозӣ ошкор шудааст.

Ҳангоми ҷустуҷӯ мошини яке аз гумонбарон пайдо гардид, ки дар дохили он далелҳои шайъӣ мавҷуд буд.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфт, ин парванда таҳти назари ӯст.

Ба иттилои ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон Атир Абдраҳматова, бештари парвандаҳои марбут ба хушунати кӯдакон то охир пайгирӣ намешаванд. Пештар вай гуфта буд, ки дар соли 2021 104 ҳолати хушунат нисбати кӯдакон сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG