Ссылки доступа

Нисбати як сокини Байконур парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Вай пулисро дар фурӯши маводи мухаддир айбдор мекард


Дар шаҳри Байконури Қазоқистон нисбати сокини маҳаллӣ бо моддаҳои "авбошӣ ва иттилои бардурӯғ расонидан" парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ин сокин наворе нашр ва дар он як корманди пулиси Русияро дар фурӯши маводи мухаддир айбдор кард.

Ибтидои моҳи сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиати сокини маҳаллии шаҳри Байконур ба сардори Раёсати корҳои дохилии Русия дар маҷмаи "Байконур" нашр шуд. Ба гуфтаи сокини маҳаллӣ, корманди пулиси Русия миёни ҷавонон маводи мухаддир паҳн мекунад.

Шаҳри Байконур ва пойгоҳи Байконур дар якҷоягӣ маҷмаи "Байконур"-ро ташкил медиҳанд, ки Русия то соли 2050 аз Қазоқистон иҷора гирифтааст. Дар марҳилаи иҷора шаҳр тобеи Русия аст.

XS
SM
MD
LG