Ссылки доступа

Сарвазири Қирғизистон ваъда дод, дар 5 соли оянда маҳбасҳоро аз шаҳри Бишкек берун мебаранд


Дар 5 соли оянда муассисаҳои ислоҳии Қирғизистон аз ҳудуди шаҳри Бишкек берун бурда хоҳанд шуд. Дар ин бора Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон ҳангоми тахриби маҳбаси №47 хабар дод.

Ҷабборов гуфт, сабаби асосии дар айни замон берун бурдани маҳбаси №47 аз ҳудуди шаҳри Бишкек фарсуда шудани бинои маҳбас ва дар макони сераҳолӣ ҷойгир будани он аст, ки "ба амнияти ҷомеа хатар дорад".

Дар ҷойи маҳбаси №47 бинои баландошёна сохта хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон 11 маҳбас мавҷуд аст, ки 4-тои он дорои низоми умумӣ, 3-тои дигар дорои низоми сахт шастанд. Маҳбасҳои дигар дорои низоми махсус ва барои нигаҳдории занону ноболиғон пешбинӣ шудаанд.

Ба иттилои Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон, дар шаҳри Бишкек 2 маҳбаси дигар боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG