Ссылки доступа

Ҳаракати мусофирбарҳо миёни Ӯш ва Андиҷон


Ҳаракати нақлиёти мусофирбар миёни шаҳрҳои Ӯши Қирғизистон ва Андиҷони Узбекистон аз 9 сентябр дубора аз сар гирифта шуд.

Мусофирбарҳо дар ин масир тирамоҳи соли 2019 ҳаракатро оғоз карда буданд, аммо равуои онҳо пас аз чанд моҳ ба далели пандемияи коронавирус қатъ шуд.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар масири мазкур ҳудуди даҳ микроавтобус ҳаракат хоҳад кард ва ба хотири суръат бахшидан ба раванди убур аз гузаргоҳҳои марзӣ ду ҷониб ба созиш расидаанд, ки "долони сабз" ташкил кунанд. Масофаи байни ду шаҳр 45 километр аст.

Сафири Қирғизистон дар Тошканд Мусо Чаманбоев моҳи июли имсол бо вазири нақлиёти Узбекистон Илҳом Маҳкамов мулоқот кард. Мавзӯи аслии вохӯрӣ густариши ҳамкориҳои нақлиётӣ ва ҳамлу нақли ду кишвар, бахусус тарҳи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон буд.

XS
SM
MD
LG